Ru  | Tj
Ҷабҳаи муқовимат: “11 рӯзи гузашта дар саросари Афғонистон 57 узви Толибонро куштем”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимат: “11 рӯзи гузашта дар саросари Афғонистон 57 узви Толибонро куштем”
Акс: Sputnik

Ҷабҳаи муқовимат: “11 рӯзи гузашта дар саросари Афғонистон 57 узви Толибонро куштем”

Нашр шуд

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, ки нерӯҳои вафодор ба ин ҷабҳа дар 11 рӯзи гузашта дар саросари кишвар 57 узви Толибон*-ро куштаанд.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат, дирӯз (панҷшанбе, 3-уми март) дар Твиттер навишт, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар Кобул, Нангарҳор, Бағлон, Панҷшер, Тахор, Лағмон, Каписо, Қундуз, Форёб, Балх, Парвон, Бадахшон, Ҷувзҷон, вилоятҳои Бодғис, Сарипул, Ғор, Фароҳ, Самангон, Лугар, Ҳирот ва Майдони Вардак бо нерӯҳои Толибон даргир шудаанд ва дар натиҷа 57 Толибро кушта ва 73 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷаноби Аҳмадӣ ҳамчунин гуфта, ки дар ин муддат 11 нерӯи ин ҷабҳа кушта шудаанд.

Толибон то ҳол ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед