Ru  | Tj
Ҷабҳаи муқовимат: Дар сурати оғози ҷанг 100 ҳазор сарбози артиши собиқи Афғонистон ба мо мепайванданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимат: Дар сурати оғози ҷанг 100 ҳазор сарбози артиши собиқи Афғонистон ба мо мепайванданд
Акс: Sputnik

Ҷабҳаи муқовимат: Дар сурати оғози ҷанг 100 ҳазор сарбози артиши собиқи Афғонистон ба мо мепайванданд

Нашр шуд

Манобеи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд гуфтаанд, ки беш аз 100 ҳазор нафар аз нерӯҳои дифоъӣ ва амниятии режими собиқ бо онҳо дар тамос ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимат дар чанд моҳи ахир ба тарҳрезии сиёсати худ машғул аст, то дар сурати муваффақ ва ё ноком шудани музокира бо Толибон* пешниҳоди мушаххасе барои сохти низоми сиёсии Афғонистон дошта бошад.

Аммо раҳбарони ин ҷабҳа баъд аз мулоқоти Исмоилхон бо намояндагони Толибон дар Теҳрон ё нишасти махфии онҳо дар Маскав эълон карданд, ки музокирот бо Толибон бенатиҷа будааст.

Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ сохтори сиёсие, ки Аҳмад Масъуд ба унвони раҳбари Ҷабҳа пешниҳод кардааст, як низоми федералист, ки ба сохтори сиёсӣ дар Швейтсария шабоҳат дорад.

Бояд гуфт, ки раҳбарони 100 ҳазор нерӯҳои собиқи дифоъ ва амниятии собиқи Афғонистон дар тамос бо Аҳмад Масъуд гуфтаанд, ки бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ омодаи ҳамкорӣ ҳастанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


ИМА таҷҳизоти низомиеро, ки қарор буд ба артиши Афғонистон диҳад ба Украина мефиристад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед