Ru  | Tj
Ҷабҳаи муқовимат иддао кард, ки амалиёти чирикиро алайҳи Толибон оғоз кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимат иддао кард, ки амалиёти чирикиро алайҳи Толибон оғоз кардааст
Акс: etilaatroz.com

Ҷабҳаи муқовимат иддао кард, ки амалиёти чирикиро алайҳи Толибон оғоз кардааст

Нашр шуд

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аз оғози амалиёти чирикӣ (партизанӣ) алайҳи Толибон* хабар дод.

Сибғат Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рӯзи 29-уми март дар твиттери худ иддао кард, ки аъзои ин ҷабҳа шаби гузашта ба посгоҳҳои воҳиди вижаи Толибон дар маркази таълимии «Пули чархӣ» ҳамла кардаанд.

Вай иддао кардааст, ки Толибон дар ин ҳамла талафот дидаанд ва ин гуна ҳамлаҳо идома хоҳанд кард.

«Ин ҳамла ибтидои амалиёти чирикии нерӯҳои мо барои дифои мардум аз ваҳшонияти Толибон аст», - навиштааст Аҳмадӣ.

Гурӯҳи Толибон то кунун ба ин иддаои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вокуниш нишон надодаанд.

Аммо мақомоти Толибон борҳо гуфтаанд, ки мухолифи мусаллаҳ алайҳи ин гурӯҳ дар Афғонистон вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, ки аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар бархе аз манотиқи Панҷшер ва Андароби Бағлон ҳузур доранд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат низ борҳо дар ин минтақаҳо бо Толибон даргир шудаанд.

Бояд гуфт, ки тобистони соли гузашта Толибон эълон карда буданд, ки бо як амалиёти густарда Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро саркӯб карданд.


*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед