Ru  | Tj
Ҷабҳаи муқовимат: “Панҷ ҳамлаи Толибонро дар Андароб дафъ кардем ва ҷанг бошиддат давом дорад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимат: “Панҷ ҳамлаи Толибонро дар Андароб дафъ кардем ва ҷанг бошиддат давом дорад”
Акс: Интернет

Ҷабҳаи муқовимат: “Панҷ ҳамлаи Толибонро дар Андароб дафъ кардем ва ҷанг бошиддат давом дорад”

Нашр шуд

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, гуфт, ки нерӯҳои ин Ҷабҳа аз зӯҳри дирӯз панҷ ҳамлаи бузурги Толибон*-ро (*Ҳаракати террористӣ) ба мавқеъҳои худ дар Андароб дафъ кардаанд.

Ҷаноби Аҳмадӣ имрӯз дар саҳифаи “Твиттер”-и худ навишт, нерӯҳои Толибон бо ҳамкории нерӯҳои хориҷӣ аз соати 3-и зӯҳри дирӯз ба мавқеъҳои ин ҷабҳа дар минтақаҳои Ҳаҷ ва Боғдараи Андароб ҳамла кардаанд.

Вай афзуд, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо вуҷуди ҳамлаҳои печида, ба Толибон талафоти зиёд ворид карданд.

Ҷаноби Аҳмадӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир дар ин манотиқ даргириҳо дар авҷ аст.

Толибон дар бораи даргириҳо чизе нагуфтаанд, вале чанд рӯз инҷониб даргириҳои шадид дар Андароб ва Панҷшер ҷараён дорад.


Амрико: Ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон афзоиш меёбанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед