Ru  | Tj
Ҷабҳаи муқовимат: “Толибон духтарон ва занони Афғонистонро гаравгон гирифтанд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимат: “Толибон духтарон ва занони Афғонистонро гаравгон гирифтанд”
Акс: МК

Ҷабҳаи муқовимат: “Толибон духтарон ва занони Афғонистонро гаравгон гирифтанд”

Нашр шуд

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо пахши эъломия гуфтааст, дар таърихи Афғонистон бори аввал аст, ки як режим духтарони ҷавонро аз хонаҳояшон мерабояд ва бо тамоми бераҳмӣ ва таассуб аз онҳо боҷ мегирад. 

Тибқи ин эъломия мардуми Афғонистон бо ин гурӯҳи дурӯғгӯён, мутаассибон ва ифротгароён муросо карданӣ нестанд ва бо онҳо меҷанганд.

Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки Толибон* занону духтарони афғонро гаравгон гирифта, барои раҳоии онҳо аз ҷомеаи байналмилалӣ ва “асосан кишварҳои ғайриисломӣ” пул талаб мекунанд.

Бо ин ҳол, аз мардум низ хоста шудааст, ки сафи муқовиматро бояд боз ҳам тақвият кунанд. Зеро Толибон бо арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва ватандӯстии Афғонистон мувофиқат намекунанд. 

Ёдовар мешавем, ки аз боздошти духтарони эътирозгар дар Кобул чанд ҳафта мешавад, аммо бо вуҷуди дархостҳои ниҳодҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ин занҳоро Толибон то ҳол раҳо накардаанд. 

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Афғонистон: Толибон* ба коргарзанони Кобул амр доданд, ки дар хонаҳояшон шинанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед