Ru  | Tj
Ҷабҳаи муқовимат: “Ягона роҳи ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон аз байн бурдани Толибон аст”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи муқовимат: “Ягона роҳи ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон аз байн бурдани Толибон аст”
Акс: MK

Ҷабҳаи муқовимат: “Ягона роҳи ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон аз байн бурдани Толибон аст”

Нашр шуд

Алӣ Майсам Назарӣ, раиси равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, мегӯяд, ягона роҳи ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон аз байн бурдани Толибон* аст.

Ҷаноби Назарӣ мегӯяд, бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ба далели он аст, ки "гурӯҳи террористӣ" иҷозаи тасарруфи тамоми кишварро гирифтааст.

Ба эътиқоди вай, Толибон дидаву дониста кишварро дар ҳолати бӯҳрон нигоҳ доштаанд, то аз он ба нафъи худ истифода кунанд.

Вай мегӯяд, ягона роҳи рафъи бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон маҳви омили аслӣ, яъне Толибон аст.

Ин изҳорот аз ҷониби ин узви Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоле садо медиҳад, раҳбарони Толибон мӯътақиданд, ки оҳиста-оҳиста ба сӯи ба даст овардани ризоияти ҷаҳонӣ ҳаракат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, як ҳайати 13 нафараи Толибон бо даъвати як созмони ҷамъиятии Швейтсария ба Женева сафар кард, то дар бораи ҳуқуқи башар дар Афғонистон гуфтугӯ кунад.

Ҳарчанд Вазорати хориҷаи Швейтсария сафари ҳайати Толибонро ба маънои эътироф намедонад, аммо бисёре аз фаъолони ҷамъиятӣ чунин даъватҳоро ба маънии эътидоли равобит бо Толибон медонанд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Толибон дар Швейтсария. Дар Женева барои Толибон нишаст баргузор карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед