Ru  | Tj
Ҷабҳаи озодӣ: Дар ду соли охир мо дар 230 ҳамла 600 узви Толибонро куштем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабҳаи озодӣ: Дар ду соли охир мо дар 230 ҳамла 600 узви Толибонро куштем
Акс: "Иттилоъоти рӯз"

Ҷабҳаи озодӣ: Дар ду соли охир мо дар 230 ҳамла 600 узви Толибонро куштем

Нашр шуд

Ҷабҳаи озодии Афғонистон мегӯяд, ки дар ду соли ахир алайҳи Толибон* 230 ҳамла анҷом додааст ва дар ин ҳамлаҳо 600 узви Толибон кушта ва 700 узви дигари ин гурӯҳ захмӣ шудаанд. Дар ин бора "Иттилоъоти рӯз" хабар дод.

Ин ҷабҳа дар эъломияе, ки 29-уми феврал ба муносибати дувумин солгарди оғози фаъолияташ мунташир кард, навишт, ки дар ин муддат 13 неруи ин ҷабҳа низ кушта шудаанд.

Бар асоси эъломи ин ҷабҳа, аз ҷумла ҳашт неруи он дар як даргирӣ бо Толибон дар моҳи апрел имсол дар Саланги ҷанубӣ кушта шуданд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар ду соли ахир беш аз 14 худрав ва зиреҳпӯши Толибонро тахриб карда ва 75 мил аслиҳаи сабук ва вазнини ин гурӯҳ ба дасти неруҳои онҳо афтодааст.

Ин ҷабҳа гуфтааст, ки ҳамалоти худро алайҳи Толибон бо риояи қатъии "қонунҳои ҷанг ва меъёрҳои байнулмилалии башардӯстона" анҷом додааст ва ба далели ҷилавгирӣ аз осеб ба мардуми осоишта чанд мавриди ҳамлаи тарҳрезишуда ба гурӯҳи Толибон бекор карда шуд.

Толибон то кунун ба ин эъломияи Ҷабҳаи озодихоҳи Афғонистон вокуниш нишон надодаанд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон моҳи феврали соли 2022 чанд моҳ пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ ва сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон таъсис ёфт.

Ин ҷабҳа мегӯяд, ки теъдоде аз сарбозони ҳукумати қаблӣ, фаъолони сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва иҷтимоъӣ аъзои он ҳастанд.

Дар ду соли ахир Толибон ба ҳамлаҳои Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва дигар ҷабҳаҳои мухолифин вокуниши камтар нишон доданд.

Аммо вазорати дифоъи Толибон кушта шудани ҳашт тан аз аъзои ин ҷабҳа, аз ҷумла Акмал Амир, яке аз фармондеҳони онро таъйид карда буд.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед