Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷабборов аз пешниҳоди тағйири суруди миллии Қирғизистон пуштибонӣ кард
Нашр шуд
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, дар мусоҳиба бо хабаргузории "Кабар" аз пешниҳоди тағйири суруди миллии ин кишвар пуштибонӣ кард.
Ҷабборов дар бораи мухолифони тағйири суруди миллии Қирғизистон вазъи тағйири парчами миллии Қирғизистонро мисол овард.
Хотиррасон мекунем, ки тарҳи нави парчами давлатии Қирғизистон моҳи декабри соли 2023 тасвиб шуд. Ташаббускори тағйири он худи Содир Ҷабборов буд ва пешниҳод кард, ки нурҳои офтоби дар парчам тасвиршуда рост карда шавад. Ин пешниҳод дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард, ки яке аз мухолифони фаъолро ҳатто боздошт карданд.
Суруди миллии Қирғизистонро бастакорон Насир Давлесов ва Калӣ Молдобасанов ба шеъри Ҷалил Содиқов ва Шабданбек Кулуев эҷод кардаанд. Суруди миллии Қирғизистон 18 декабри соли 1992 тасвиб шуд.
Пешниҳод дар бораи тағйири суруди миллӣ рӯзи 25 октябр аз сӯйи Нурланбек Шакиев, раиси порлумони Қирғизистон матраҳ шуд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
«Агар мо онро иваз кунем, хуб мешавад. Тағйири он чӣ бадӣ дорад? Суруди миллии имрӯзаи мо 33 сол муқаддам дар замони ба даст овардани озодию истиқлол навишта шуда буд. Акнун мо озод шудем, кишвари мустақилем, халқи қирғиз тақдирро ба дасти худ гирифт,... Аз он замон 33 сол гузашт. Мо ҳамчун давлат комилан ташаккул ёфтаем ва дар тамоми ҷаҳон эътироф шудем. Магар сад сол пас ҳам, мо сароем, ки озод шудем ва кишвари соҳибихтиёр шудем?», - гуфт Ҷабборов.Вай пешниҳод кард, ки суруди миллие навишта шавад, ки ба ҷавонон ва наслҳои оянда илҳом бахшида, истиқлоли Қирғизистон ва таърихи панҷҳазорсолаи онро васф кунад.
Ҷабборов дар бораи мухолифони тағйири суруди миллии Қирғизистон вазъи тағйири парчами миллии Қирғизистонро мисол овард.
Хотиррасон мекунем, ки тарҳи нави парчами давлатии Қирғизистон моҳи декабри соли 2023 тасвиб шуд. Ташаббускори тағйири он худи Содир Ҷабборов буд ва пешниҳод кард, ки нурҳои офтоби дар парчам тасвиршуда рост карда шавад. Ин пешниҳод дар ҷомеа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард, ки яке аз мухолифони фаъолро ҳатто боздошт карданд.
Суруди миллии Қирғизистонро бастакорон Насир Давлесов ва Калӣ Молдобасанов ба шеъри Ҷалил Содиқов ва Шабданбек Кулуев эҷод кардаанд. Суруди миллии Қирғизистон 18 декабри соли 1992 тасвиб шуд.
Пешниҳод дар бораи тағйири суруди миллӣ рӯзи 25 октябр аз сӯйи Нурланбек Шакиев, раиси порлумони Қирғизистон матраҳ шуд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед