Ru  | Tj
Қабл аз ҷаласаи СААД: Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қабл аз ҷаласаи СААД: Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Қабл аз ҷаласаи СААД: Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат карданд

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯp 23-юми август Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев қабл аз ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД суҳбати телефонӣ кардаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки дар ҷараёни мулоқот сарони ду кишвар ба вазъияти ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Ҳамчунин масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақавӣ дар ин тамоси телефонии Раҳмону Мирзиёев мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Имрӯз иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сиғаи маҷозӣ (видеоконфронс) ва таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД ҳастанд.



Вазирони хориҷии Тоҷикистону Олмон бобати таҳкими сарҳад ва мубориза бо хатарҳои амният гуфтугӯ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед