Ru  | Tj
Адабиётшинос ва шоир. Сухангӯйи нави вазири маориф кист?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Адабиётшинос ва шоир. Сухангӯйи нави вазири маориф кист?
Коллажи Halva.tj

Адабиётшинос ва шоир. Сухангӯйи нави вазири маориф кист?

Нашр шуд

Котиби нави матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул таъйин гардидааст. Ӯ ба ин симат рӯзи шанбе, 14-уми январ баргузида шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз ин ниҳод ба Halva.tj хабар дод.

Ӯ дар ин мақом Эҳсон Сафарзодаро, ки 9 сол сухангӯйи вазири маориф ва илми кишвар буд, иваз намуд.

Наврӯзи Ҷумъамурод ҳарчанд миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ чандон чеҳраи ошно нест, вале собиқаи ками хабарнигорӣ дар матбуотро дошта, дар ҳавзаи илмии кишвар шинохта аст.

Бино ба иттилои манбаъ, Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдули 26-сола зодаи ноҳияи Ховалинг буда, хатмкардаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 ва аспирантураи Пажӯҳишгоҳи адабии Максим Горкийи Русия дар соли 2021 мебошад.

Номбурда то замони таъйин шудан ба ин симат мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми кишвар буд.

Ӯ замоне сухангӯйи нав интихоб гардид, ки Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз дафтарҳои матбуотии фаъол ба шумор мерафт ва ба унвони намунаи роҳандозии ҳамкориҳои касбӣ бо расонаҳо дониста мешуд.

Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул фаъолияти худро ҳамчун муҳаррири техникии маҷаллаи «Хорпуштак» ва муҳаррири бахши фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарии нашрияи кӯдакон ва наврасон «Пайрав» дар солҳои 2017-2018 шурӯъ кардааст.

Соли 2021 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Таъсири адабиёти Аврупо ба шеъри асри XX Эрон дар мисоли осори Нимо Юшиҷ» дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илми филология гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сухангӯйи нави вазири маориф донандаи забонҳои русӣ, инглисӣ, чинӣ ва форсӣ буда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни забони англисӣ дарс мегӯяд.

Ҳамчунин Наврӯзи Ҷумъамурод муаллифи асарҳои назмӣ буда, майл ба эҷоди шеъру тарона дорад.

Қобили зикр аст, ки дар ҳафтаи гузашта дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омад. Бад-ин тартиб, Эҳсон Сафарзода сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», Дилафрӯз Қурбонӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Омӯзгор» ва Ноилшоҳ Нурализода ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» таъйин гардиданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед