Ru  | Tj
Қадами дигар дар ҳалли масоили марзӣ. Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қадами дигар дар ҳалли масоили марзӣ. Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд
Акс: Интернет

Қадами дигар дар ҳалли масоили марзӣ. Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд

Нашр шуд

Содир Ҷабборов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, - хабар дод Вазорати умури хориҷӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри хабаре иттилоъ дод, ки 28-29 июни соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон низ дар бобати ин сафар расман хабар дода, афзуд, ки дар доираи ин сафар тарафҳо масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.

30 апрели соли равон, пас аз як муноқишаи марзӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, зимни он ҳамтои қирғизашро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда буд. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед