Ru  | Tj
Адиби тоҷик сазовори ҷоизаи "Нависандаи тиллоии ҷаҳон" дониста шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Адиби тоҷик сазовори ҷоизаи "Нависандаи тиллоии ҷаҳон" дониста шуд
Акс: Интернет

Адиби тоҷик сазовори ҷоизаи "Нависандаи тиллоии ҷаҳон" дониста шуд

Нашр шуд

Ҷоизаи "Нависандаи тиллоии ҷаҳон" бо иқдоми ташкилотҳои ҷамъиятии даҳ кишвари ҷаҳон роҳандозӣ шудааст.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар баробари дигар нависандагони машҳури дунё, адиби шинохтаи тоҷик  Абдуқаҳҳори Қосим низ ба гирифтани ҷоизаи  "Нависандаи тиллоии ҷаҳон" сазовор дониста шудааст.

Манбаъ меафзояд, ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии ИМА, Олмон, Англия, Фаронса, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шуда, ҷиҳати сазовор гаштан ба ҷоизаи мазкур, он адибони боистеъдод  ва муваффақи ҷаҳон эътироф карда мешаванд, ки дар осорашон арзишҳои умумибашарие, ки халқҳоро бо ҳам муттаҳид месозанд, таҷассум ёфтаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз эҷодиёти Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, украинӣ, ҳиндӣ, банголӣ, сербӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума гардида, дар нашрияҳои Русия, Амрико, Непал, Чин, Руминия, Лаҳистон, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои олам  чоп шудаанд.

Қаблан Абдуқаҳҳори Қосим барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ ду ҷоизаи байналмилалии адабӣ - Ҷоизаи байналмилалии адабии "Ҷаҳони марзӣ" ва "Антуан де Сент-Экзюпери" соли 2021-ро соҳиб шуда буд.


Бо забони асл. Театри давлатии академии опера ва балет Шоҳасари операи чаҳониро ба саҳна меорад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед