Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Афғонистон мустақим ба Чин хоҳад пайваст. Оғози сохтмони роҳ аз тариқи Вахон то марзи Чин
Нашр шуд
Сохтмони 50 километр роҳи худравгард, ки Бадахшони Афғонистонро тариқи дараи Вахон бо Чин мепайвандад, оғоз шуд. Дар ин бора шабакаи хабарии “Tolonews” иттилоъ дод.
Ба навиштаи ин манбаъ, корҳои сохтмонии роҳи 50-километрӣ, ки аз ноҳияи Вахон то сарҳади Чин бо паҳнои 5 метр тӯл мекашад, аз ҷониби Вазорати ободонӣ ва рушди деҳоти Толибон* оғоз гардид.
Маблағи умумии ин тарҳ наздики 370 милён афғонӣ арзёбӣ мешавад, ки аз будҷаи роҳсозии ин вазорат пардохта мешавад ва аз сӯйи шӯроҳои рушд амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи масъулони маҳаллии Толибон, бо бунёди ин роҳ метавон ба Афғонистон дар фосилаи кӯтоҳтарин ва арзонтарин молҳои тиҷоратӣ аз Чин ворид ва содир кард.
Ҳамчунин дар масири ин роҳ бунгоҳҳои хидматрасонӣ сохта шуда, иқтисоди вилояти Бадахшон ва тамоми Афғонистон 50 дарсад рушд хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир додугирифти тиҷоратӣ миёни Афғонистон ва Чин асосан тариқи қаламрави Тоҷикистон ва Покистон сурат мегирад.
*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед