Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон* 6,7 млрд доллар кумаки молӣ гирифтааст
Нашр шуд
Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (OCHA) мегӯяд, аз замони ба қудрат расидани Толибон* аз 15 августи соли 2021 ба Афғонистон ҳудуди 6,7 млрд доллар кумаки башардӯстона расонда шудаст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо дар соли 2022 ҳудуди 3,3 миллиард доллар кумак ба Афғонистон расидааст. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар дод.
Дар гузорише, ки 3 ноябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин ниёзҳои башарӣ дар соли 2023 бесобиқа афзоиш ёфта, шумори ниёзмандон ба 29,2 миллион нафар расидааст.
Ба гуфтаи СММ, дар ҳоле ки вазъ аз он замон то кунун ба эътидол омад, Афғонистон то ҳол дар баробари офатҳои табиӣ, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва геополитика хеле осебпазир аст.
Ҳамчунин, тибқи гузориши СММ, афзоиши маҳдудиятҳо барои занону духтарон, ки дар қонуни ахири Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* зикр шудааст, сатҳи ниёзҳои башардӯстона дар Афғонистонро зиёд кардааст.
Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид ба маҳдудиятҳои Толибон* ишора карда ва гуфтааст, ки то соли 2021 аз 392 дастури марбут ба амалиёти башардӯстона 71-тои он мустақиман ширкати занони афғон дар интиқоли кумакҳо будааст.
Дафтари мазкур ёдовар шуд, ки ниҳодҳои кумакрасон ба идомаи ироаи кумакҳои башардӯстона пойбанд ҳастанд, аммо агар сатҳи маблағгузорӣ коҳиш ёбад, дастовардҳои башардӯстонаи дар солҳои охир бадастомада, ба зудӣ аз байн рафта, қишри ниёзманди аҳолӣ бори дигар ба ранҷу азобҳои бештар дучор хоҳад шуд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед