Ru  | Tj
Афғонистон: Толибон* ба коргарзанони Кобул амр доданд, ки дар хонаҳояшон шинанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Афғонистон: Толибон* ба коргарзанони Кобул амр доданд, ки дар хонаҳояшон шинанд
Акс: Интернет

Афғонистон: Толибон* ба коргарзанони Кобул амр доданд, ки дар хонаҳояшон шинанд

Нашр шуд

Дар шаҳри Кобул гирдиҳамоӣ ва эътирози занон баргузор гардид. Ин занҳо бо шиорҳои зерин: "Ҷомеае, ки дар он занон фаъол нестанд, он ҷомеа мурда аст" , "Мо иттифоқем, ҷабру ситамро барҳам медиҳем!" ба эътироз пардохтанд.

Чӣ гунае, ки оҷонсии иттилоотии "ТАСС" хабар медиҳад, шаҳрдори нави Кобул Ҳамдулло Номанӣ, ки аз ҷониби Толибон* (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) таъйин гардидааст, дар муроҷиат ба бонувони Афғонистон гуфтааст, дар ҳоле, ки мардон аз ӯҳдаи иҷроиши корҳои анҷомдодаи занон мебароянд, онҳо (занон) дар хонаҳояшон шинанд.

“Толибон* зарур донистанд, ки фаъолияти занонро то як муддат қатъ намояд",- шаҳр додааст Ҳамдулло Номанӣ.

Танҳо дар ҳоҷатхонаҳои занона, ки вуруди мардон ба он ҷо мамнуъ аст, занон имкони кор карданро доранд, илова намудааст раиси навтаъин.

"То мӯътадил шудани вазъ дар Афғонистон, мо аз занон хоҳиш намудем, ки дар хонаҳояшон бишинанд. Музди меҳнати онҳо пардохт карда мешавад",- арз доштааст Номанӣ.

Занони Афғонистон ба маҳдудиятҳои муваққатии Толибон* эътимод надоранд ва ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқҳои худ тазоҳурот мекунанд.

Дар солҳои 90 -ум дар замони маъмурияти пешини Толибон Номанӣ шаҳрдори Кобул буд ва аз ин рӯ, ба рӯйихати таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ шомил шудааст.



Президент: Толибон* дастрасии Панҷшерро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ манъ кардаанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед