Ru  | Tj
Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон чор рӯз истироҳат аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон чор рӯз истироҳат аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон чор рӯз истироҳат аст

Нашр шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дар тақвими кору истироҳати сокинони кишвар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ тағйирот ворид кард

Дар Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи ҷорӣ рӯзи корӣ эълон шуд. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, шанбеи 22 июн рӯзи корӣ хоҳад буд.

Тибқи ин қарор, рӯзи истироҳат ба 28 июн - ҷумъаи ҳафтаи оянда гузаронида шуд.

Бо назардошти ин шаҳрвандоне, ки тибқи реҷаи панҷрӯза кор мекунанд, рӯзҳои 27, 28, 29 ва 30 июн истироҳат хоҳанд кард.

Таъкид мешавад, ки ин кор ба хотири он анҷом дода шудааст, ки дар рӯзи ҷумъа дар байни ид ва рӯзҳои истироҳат зарурати ба кор рафтан набошад.

Ёдовар мешавем, ки 27 июн дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ҷашни мазкур тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва моддаи 83-и қонунгузории меҳнат Тоҷикистон оварда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед