Ru  | Tj
Афзоиши ҳангуфти куштори низомиён дар Покистон. 13 сарбози артиш дар Балуҷистон терор шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Афзоиши ҳангуфти куштори низомиён дар Покистон. 13 сарбози артиш дар Балуҷистон терор шуданд
Акс: Интернет

Афзоиши ҳангуфти куштори низомиён дар Покистон. 13 сарбози артиш дар Балуҷистон терор шуданд

Нашр шуд

Дар як ҳамлаи шабонаи ҷудоиталабони балуҷ ба ду пойгоҳи артиши Покистон дар вилояти Балуҷистон 7 сарбоз кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд. Бар асоси баёнияи бахши равобити артиши Покистон дар даргириҳо бо нерӯҳои покистонӣ 13 ҷангҷӯи ҷудоихоҳ низ кушта шудаанд.

Вазири умури дохилии Покистон Шайх Рашид Аҳмад гуфт, нерӯҳои покистонӣ “ду ҳамлаи бузургро дафъ кардаанд”.

Ҷудоихоҳони балуҷ ба пойгоҳҳои артиши Покистон дар Балуҷистон дар ду ноҳия - Ношки ва Панҷгур низ чанд рӯз пеш ҳамла карда буданд.

Ин ҳамлаҳо чанд соат пеш аз он рух дод, ки Имрон Хон, нахуствазири Покистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин ба Чин сафар кунад.

Артиши озодихоҳи Балуҷ (BLA) масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш гирифт ва гуфт, ки маргталабони ин гурӯҳ мошинҳои дорои маводи мунфаҷирро дар даромадгоҳи пойгоҳҳои низомии Покистон мунфаҷир карда, беш аз 50 сарбозро куштаанд.

Ин дуввумин ҳамлаи ҷудоиталабони балуҷ дар 10 рӯзи ахир аст.

Ҳафтаи гузашта онҳо ба як посгоҳи артиши Покистон дар наздикии бандари Гвадар ҳамла карда, 10 сарбозро куштанд.

Ин бузургтарин талафоти артиши Покистон дар ҳамлаҳои шӯришиёни балуҷ дар солҳои ахир аст.

Чин дар тавсеаи бандари Гвадар дар Балуҷистон ва дигар тарҳҳо дар ин иёлот дар чаҳорчӯби долони иқтисодии Чину Покистон ба маблағи 60 миллиард доллар ширкат дорад.

Пекин, бахусус баъд аз кушта шудани 10 коргари чинӣ ва захмӣ шудани 10 шаҳрванди Чин дар ҳамлаи соли гузашта дар шимоли Покистон нигарониҳои амниятӣ бо мақомоти Покистонро матраҳ кардааст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон* дар Афғонистон ҳамлаҳо дар дохили Покистон ду баробар бештар шудааст.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ


Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед