Ru  | Tj
Афзоиши истифода аз арзи миллӣ миёни кишварҳои СҲШ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Афзоиши истифода аз арзи миллӣ миёни кишварҳои СҲШ
Акс: аз манбаъҳои боз

Афзоиши истифода аз арзи миллӣ миёни кишварҳои СҲШ

Нашр шуд

Ҳиссаи пардохтҳо бо арзи миллӣ байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз 40% дар соли 2022 то 92% афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар нишасти матбуотӣ дар ТАСС бахшида ба ҳамоиши IV сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ дар Омск изҳор дошт.

Бояд гуфт, рӯзи 12 сентябр нишасти вазирони иқтисоди кишварҳои узви СҲШ дар Исломобод баргузор мешавад.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфта, ба он Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Белорус Тоҷикистон ва Узбекистон шомиланд.

Шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон низ кишварҳои узви СҲШ мебошанд.

Аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Чин, Эрон ва Узбекистон аз ҷумлаи калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистонанд, ки азми бештар кардани ҳисоббаробаркуниҳо бо пулҳои миллиро доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед