Ru  | Tj
Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ бо ваъдаи кор дар хориҷи Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ бо ваъдаи кор дар хориҷи Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ бо ваъдаи кор дар хориҷи Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар як моҳи охир дар Тоҷикистон дуюмин ҳолати қаллобӣ бо ваъдаи таъмини кор дар кишварҳои аврупоӣ ошкор шуд.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ахиран як сокини пойтахт бо ҳамин иттиҳом боздошт шуд.

Ин ниҳод хабар дод, ки дар натиҷаи баррасии аризаҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони мақомоти дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ Ҷабборов Ҳалимҷони 39-сола, сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.

Гуфта мешавад, ки номбурда бо ваъдаи омода сохтани раводиди кишварҳои аврупоӣ, аз шаҳрвандон аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст.

Айни замон ҳашт далели қаллобӣ дар ин замина ошкор гардида, дар робита ба ҳолатҳои дигар санҷиш идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар аввали моҳи сентябр кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мудири кулли ширкати «Арса»-ро боздошт кардаанд. Маркази матбуоти оҷонсӣ хабар дод, ки номбурда дар тасарруфи пули сокинони маҳаллӣ бо ваъдаи кор дар Британияи Кабир муттаҳам мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оҷонсӣ, боздоштшуда қаблан медонист, ки ширкати ӯ бо ширкатҳои бритониёӣ ягон созишномаи ҳамкорӣ надорад.

Хотиррасон мекунем, ки чанде пеш Додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора афзоиши таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъмини кори сердаромад дар кишварҳои хориҷӣ, аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ба ин таблиғот бовар накунанд.

Ин ниҳоди олии назоратӣ дар изҳороти худ таъкид мекунад, ки ин таблиғот ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, боиси зарари молии шаҳрвандон мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути 26 ширкат, ки муҷаввиз барои содироти нерӯи корӣ ба хориҷаро доранд, 5158 шаҳрванди Тоҷикистон дар 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Бритониё, Олмон, Маҷористон, Туркия, АМА, Арабистони Саудӣ ва ғайра ба кор таъмин шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед