Ru  | Tj
Агентии авиатсияи гражданӣ: Арзиши чиптаҳо ба самти Русия фавран коҳиш дода шаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Агентии авиатсияи гражданӣ: Арзиши чиптаҳо ба самти Русия фавран коҳиш дода шаванд
Акс: Интернет

Агентии авиатсияи гражданӣ: Арзиши чиптаҳо ба самти Русия фавран коҳиш дода шаванд

Нашр шуд

Тибқи қарори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши чиптаи ҳавопаймоии сафар ба Русия аз 300 то 350 долларро ташкил медиҳад.

Тавре "Азия-плюс" менависад, рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Агентии авиатсияи граждании кишвар оид ба масъалаи боло бурдани арзиши чиптаҳо аз самти Тоҷикистон ба Русия ҷаласаи таъҷилӣ доир намудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода, муовини якуми Хадамоти зиддиинҳисории  Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоие (Ural, UTair, Sibir, North Wind, Somon Air), ки аз Тоҷикистон ба Русия парвоз анҷом медиҳанд, иштирок доштаанд. 

Ба таъкиди манбаъ, зимни ҷаласа ин мақомот аз ширкатҳои ҳавопаймо тақозо доштааст, ки қимати чиптаҳоро коҳиш диҳанд, инчунин иллати беасос боло бурдани нархи чиптаҳоро асоснок намоянд.

"Баъди таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ мо муайян кардем, ки арзиши чиптаҳо ба самти Русия ва бозгашт ба Тоҷикистон ҳудуди 500 долларро ташкил медиҳад. Масалан, агар талабот ба чиптаҳои ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Маскав зиёд бошад, ширкатҳо метавонанд чиптаҳоро аз 300 то 350 доллар ва бозгашт ба Душанбе 150 доллар нарх гузоранд", - шарҳ додаанд дар ҷаласаи Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд ҳафтаи ахир қимати билетҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия то дараҷае боло рафтааст. Қабл аз соли нав чиптаҳо қимати аз 2 ҳазор то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) доштанд, ҳоло бошад арзиши онҳо тақрибан ду баробар афзуда, беш аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар)-ро ташкил медиҳад.


Парвозҳо миёни Алма-Ато ва Душанбе барқарор мегардад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед