Ru  | Tj
Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар соли ҷорӣ хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар соли ҷорӣ хабар дод
Акс: Интернет

Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар соли ҷорӣ хабар дод

Нашр шуд

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда ва гӯшти паранда дар соли 2022 дар Тоҷикистон афзоиш ëфтааст.

Гулнора Ҳасанзода, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки дар моҳҳои январ — июни соли равон ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 73 ҳазору 627 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 фоиз зиёд мебошад.

Вай ҳамчунин хабар дод, бар асоси маълумоти оморӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар истеҳсоли гӯшти паранда низ афзоиш ëфта, дар ҳамаи категорияи хоҷагидорӣ ба 20 ҳазору 302 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худиро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид карда, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат медонад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли охир дар маросими ифтитоҳи даҳҳо фермаи чорво ва парандапарварварӣ дар  шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат иштирок кардааст.

Таъму сифати хуб. Ҷопон харидори ангури шаҳдбори Тоҷикистон шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед