Ru  | Tj
Академияи таҳсилоти давомдори Русия ба Дилафрӯз Саидӣ медали тилло тақдим намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Академияи таҳсилоти давомдори Русия ба Дилафрӯз Саидӣ медали тилло тақдим намуд
Акс: ASIA-Plus

Академияи таҳсилоти давомдори Русия ба Дилафрӯз Саидӣ медали тилло тақдим намуд

Нашр шуд

Академияи бисёрсоҳаи таҳсилоти давомдори Русия ба Дилафрӯз Саидӣ, роҳбари яке аз муасиссаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон медали тилло тақдим кард.

Ба иттилои Дафтари матуботи Раиси вилояти Суғд, рӯзи 26-уми август Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории як конфронси илмӣ-оммавӣ диплом ва медали тиллои ин ҷоизаро ба Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд супорид.

Гуфта мешавад, ки Дилафрӯз Саидӣ дар озмуни "Барои кори навоварона дар соҳаи маориф", ки аз ҷониби Академия бисёрсоҳаи таҳсилоти давомдор" – и Русия роҳандозӣ гардида буд, мақоми аввалро касб кардааст.

Манбаъ меафзояд, ҳадаф аз ин озмун ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии муосир дар таълим буда, Саидӣ бо пешниҳоди беш аз 30 шаҳодатномаи илмии донишгоҳ барандаи мутлақ дониста шудааст.

Дилафрӯз Саидӣ 46 сол дорад ва соли 2011 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи тарроҳии либосҳои муосири миллӣ дар Донишгоҳи давлатии Русия ба номи А.Н. Косигини шаҳри Маскав ҳимоя намудааст.

Вай муаллифи 74 асарҳои илмӣ, аз он ҷумла 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаҳои пешгоми таълимӣ дар кишвар дар самти роҳандозии технологияҳои муосир дониста шудааст.

Таджикские волейболистки завоевали серебряные медали на международном турнире в Узбекистане



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед