Ru  | Tj
Акнун молҳои Тоҷикистон тариқи "Amazon" низ фурӯхта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Акнун молҳои Тоҷикистон тариқи "Amazon" низ фурӯхта мешавад
Акс: Интернет

Акнун молҳои Тоҷикистон тариқи "Amazon" низ фурӯхта мешавад

Нашр шуд

То кунун давлатҳои Осиёи Марказӣ дар "Amazon" танҳо имконияти кушодани саҳифаҳои тиҷоратиро доштанду халос.

Дар сомонаи расмии "Amazon" рӯихати кишварҳое, ки ба онҳо иҷозати фурӯши молҳои худ дар онлайн майдони "Amazon" дода шуд, нашр гардид. Дар қатори дигар кишварҳо, дар рӯихат номи давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ дарҷ ёфтааст.

Ширкати амрикоии "Amazon" барои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон имкон дод, ки дар яке аз майдонҳои калонтарини фурӯши молҳо дар формати онлайн истеҳсолоти худро ба фурӯш гузоранд.

Гуфта мешавад, ки барои сабти ном шудан дар майдони фурӯш бояд нусхаи шиноснома, корти ҳисобии амалкунанда, суратҳисоби бонкӣ, рақами телефон ва маълумот дар бораи ҳисоби андоз пешниҳод гардад. Пас аз сабти ном шудан баҳисобгирӣ фаъол гардида, барои исетеҳсолкунандагон майдони тиҷорати байналмилалӣ дастрас мегарданд.

"Amazon" яке аз платформаҳои калонтарини тиҷорат дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, идораи марказии ширкат дар шаҳри Сиэтл (шаҳр дар иёлоти Вашингтон дар Амрико) ҷойгир аст.

Ин ширкат бори нахуст соли 1994 ба сифати интернет-мағоза барои фурӯши китобҳо аз ҷониби Ҷефф Безос асос ёфтааст. Баъдан имконоти ширкат фарохтар шуда, он ба фурӯши видео, MP3, таъминоти барномавӣ, электроника, либоса, мебел, хӯрока ва ғайра пардохт.

Тибқи тафсири Forbes муассиси платформа Ҷефф Безос яке аз одамони бойтарини ҷаҳон шуд ва дороии он $187 млд. долларро ташкил менамояд.

Чӣ гуна ҷавонон метавонанд дар Тоҷикистон тиҷорати экологии худро оғоз кунанд? - таҷрибаи муассиси econation.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед