Ru  | Tj
Ҷаласаи СААД: Раҳмон аз ҳукумати муваққатии Толибон* интиқод кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи СААД: Раҳмон аз ҳукумати муваққатии Толибон* интиқод кард
Акс: SNG Today

Ҷаласаи СААД: Раҳмон аз ҳукумати муваққатии Толибон* интиқод кард

Нашр шуд

Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дирӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод, 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон, Александр Лукашенко, Президенти Белорус, Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, Содир Ҷабборов, Президени Қирғизистон, ва дабири кулли созмон Станислав Зас ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст масоили мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти созмон дар давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Тоҷикистон, инчунин мавзӯоти марбут ба вазъияти Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлос таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ба масоили бемории ҳамагири коронавирус, ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва гардиши маводи мухаддир ҷалб кардааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон ва Раиси даврии СААД аз ҷумла гуфтааст, ки дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми байналмилалӣ мубаддал мешавад.

Раҳмон бо интиқод аз ҳукумати муваққатии Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) зикр намудааст, ки ин гурӯҳ аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир ва бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар Афғонистон даст кашидаанд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати худ хабар доданд.

“Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад”, - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон бо дахл ба масъалаи Панҷшер иброз доштааст, ки вазъи воқеӣ дар Афғонистон чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. “Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем” – гуфтааст Сарвари Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар анҷом аз рӯи натоиҷи ҷаласаи Душанбе Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дар маҷмӯъ 14 санад ба имзо расидааст.

Бояд гуфт, ки Владимир Путин бо сабаби ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ба режими худинзивоӣ гузаштаву сафараш ба Душанберо лағв намуд ва дар нишасти СААД тариқи маҷозӣ иштирок кард.

Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД ҳастанд. Соли 2022 раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз Тоҷикистон ба ҷониби Арманистон мегузарад.

Қабл аз ҷаласаи СААД: Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед