Ru  | Tj
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар сиғаи видеоконфронс мегузарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар сиғаи видеоконфронс мегузарад
Акс: РИА Новости

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар сиғаи видеоконфронс мегузарад

Нашр шуд

Иҷлоси Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар сиғаи видеоконфронс баргузор мешавад.

Хабаргузории ТАСС навишт, ки ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар таърихи 1-уми ноябр  таҳти раёсати Чин ва дар шакли конфронси видеоӣ доир  мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бобат дирӯз ба хабарнигорон намояндаи махсуси Президенти Русия доир ба корҳои СҲШ Бахтиёр Ҳакимов хабар додааст.

Гуфта мешавад, дар брифинг Бахтиëр Ҳакимов ҳамчунин, афзудааст: “Мо ҳеч гоҳ пеши худ мақсад нагузошта ва нахоҳем гузошт, ки  рақобат кунем  ë ҳариф шавем, ин матлаб дар низомномаи созмон ба таври возеҳ зикр гардидааст. Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди касе равона нашудааст”.

Лозим ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд.


Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар бораи авф баррасӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед