Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Нашр шуд
Ҷаласаи XXI-уми шурои Машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбари ин гуруҳи машварати буда, масъалаҳои бартараф намудани мушкилотҳоро дар ин самт баррасӣ намуданд. Дар ҷамъомад роҳбарони мақомотҳои дахлдор, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа қайд карда шуд, ки то имрӯз корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст аз қабили ташкили “равзанаи ягона” барои бақайдгирии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфиродӣ бо шартҳои соддашуда, “равзанаи ягона” барои содироту воридот, гирифтани иҷозатномаҳо барои сохтмон, пайвастан ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии хона ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст, ки ин таъсири мусбии худро барои рушди соҳибкорӣ мерасонад.
Дар рафти ҷаласа Саъди Қодирзода котиби масъул ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлаии ҶТ бо гузориши худ оид ба натиҷаи мониторинги иҷрои қарорҳои Ҷаласаи XX шурои Машваратӣ ҳисобот дод. Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки ҳамаи Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “оид ба бартараф намудани зарарҳои расондаи COVID-19 ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ” як қатор имтиёзҳо дода шуд, ки ҳамаи соҳаҳои фаъолиятро дар бар мегирад.
Инчунин масъалаи ворид намудани низоми пардохти ғайринақдӣ тававссути кортҳои бонкӣ тибқи Фармони Ҳукумати ҶТ, рушди соҳаи кишоварзӣ бо барномаи байналмилалии Global G.AP, бо низ баррасӣ шуд.
Мавзӯи навбатии ҷаласаи шуроимашваратӣ “рушди соҳибкории рақамӣ, рушди соҳаи хизматрасонӣ, фазои сармоягузорӣ ва корӣ” пешниҳод гардид ва иштирокчиён ин пешниҳодро қобили қабул донистанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед