Ru  | Tj
Ҷалби беш аз 33 млн доллар ба Хуҷанд дар 6 моҳ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷалби беш аз 33 млн доллар ба Хуҷанд дар 6 моҳ
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҷалби беш аз 33 млн доллар ба Хуҷанд дар 6 моҳ

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 32 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ бо ҷалби 35 млн сомонӣ сармоягузории мустақим бунёд шуда, ҳамзамон аз ин шаҳр ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 188,5 млн сомонӣ маҳсулот содир шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд зимни як ҷаласа бо ҳузури раиси шаҳр, Фирдавс Шарифзода ва роҳбари гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъулин натиҷаи фаъолияти шашмоҳа баррасӣ гардид. Дар ин бора ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.
 
Дар ин ҷаласа Ҷамшед Набизода, муовини раиси Хуҷанд дар мавриди натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр гузориш дода, зикр кард, ки Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ҳаҷми умумии маҳсулот дар вилояти Суғд нақши назаррас дорад.
 
Ба гуфтаи Набизода, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 32 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва бо ҷалби 35 млн сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуд. Ҳамин тариқ шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 298 адад расид.
 
Дар идома зикр шуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар шаҳри Хуҷанд ба ҳудуди 900 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба соли гузашта 158,6 млн сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин миён дар шаш моҳи аввали имсол аз шаҳри Хуҷанд ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 188,5 млн сомонӣ маҳсулот содир карда шуд.
 
Дар ин замина таъкид мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 104 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 403,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба соли сипаригашта 33,9 млн сомонӣ ё 9,2 дарсад зиёд аст.
 
Аз сӯи дигар дар ин хабар зикр мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд 33,2 миллион доллар сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед