Ru  | Tj
Александр Лукашенко дар ояндаи наздик ба Душанбе меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Александр Лукашенко дар ояндаи наздик ба Душанбе меояд
Акс: Sputnik

Александр Лукашенко дар ояндаи наздик ба Душанбе меояд

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус дар Ню-Йорк ҷузъиёти омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Беларус ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Sputnik, дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони милал Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Владимир Макей, ҳамтои беларусии худ мулоқот анҷом додааст.

Гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин, ба ҳамтои беларусии худ дар бораи ташаннуҷи вазъ дар пайи нооромиҳои ахири дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рухдода иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, тарафҳо дар идомаи мулоқот масоили марбут ба иқдомоти минбаъдаи Беларус ҷиҳати ҳарчи зудтар ба даст овардани  узвияти комил  дар Созмони ҳамкории Шанхайро муҳокима кардаанд.

Бояд гуфт, ки бори охир Александр Лукашенко моҳи сентябри соли гузашта барои ширкат дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва нишасти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омада буд.


Қадами дигар дар ҳалли масоили марзӣ. Содир Ҷабборов ба Душанбе меояд



 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед