Ru  | Tj
Ҳалокати 3 нафар бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯз

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳалокати 3 нафар бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯз
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳалокати 3 нафар бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯз

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми 24 соати охир  дар қаламрави ин кишвар омадани сел ва раду барқ рух дод, ки боиси ҳалокати шаҳрвандон шуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 23 июн дар ноҳияи Лахш, ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд боришоти шадид ба амал омад.

Бар асари омадани сел дар ноҳияи Лахш, ки соати 04:15-и субҳ ба қайд гирифта шуд, таҳхона ва ду қитъаи замини истиқоматии сокинони деҳаи Сариосиёи ҷамоати деҳоти Наврӯз зери об монд.

Инчунин, дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 23 июн дар деҳаи Ёл, ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар натиҷаи боришоти шадид сел роҳи байни деҳотро хароб кард. Ҳамчунин, дар километри 224 то 237 шоҳроҳи байналмилалии Шоҳон-Дарвоз-Хоруғ резиши сангу ярч ба амал омада, боиси баста шудани ин қитъаҳои роҳ шудааст. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техника ва кормандони хадамоти нигоҳдории роҳ ҷалб карда шуда, айни замон роҳ боз ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Аз сӯи дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 июн ду сокини деҳаи Солимолидашти ҷамоати деҳоти Тоҷикистон, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ки 18 ва 20 сол доштанд, барои ҷамъоварии хӯроки чорво ба саҳро баромадаанд. Дар натиҷа ҳар ду бар асари зарбаи раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ҳамон рӯз, соати 16:20 дар натиҷаи боришот дар деҳаҳои Панҷрӯд, Шашқад ва Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент сел ба амал омад, ки дар пайи он роҳи байни ин деҳаҳо баста шуд.

Дар ин мавзеъҳо бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо истифода аз техникаи вазнини роҳсозӣ давом дорад.

Мутаассифона, ҳангоми кӯшиши убур аз сел як сокини 22-солаи деҳаи Шашқади ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба ҳалокат расидааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, танҳо давоми майи соли ҷорӣ ҳаҷми хисороти сел, обхезӣ ва сангрезиҳо дар манотиқи мухталифи ин кишвар беш аз 44 миллион сомониро ташкил дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед