Ru  | Tj
Ҳалокати дастикам 550 зоир бар асари гармӣ дар Арабистони Саудӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳалокати дастикам 550 зоир бар асари гармӣ дар Арабистони Саудӣ
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳалокати дастикам 550 зоир бар асари гармӣ дар Арабистони Саудӣ

Нашр шуд

Дамои ҳаво дар Макка дар маросими ҳаҷҷи имсола тақрибан ба 52 дараҷа мерасад.

Дар Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ бар асари гармо дасти кам 550 зоир аз кишварҳои исломӣ ҷон бохтанд.

Дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба манобеъ дар доираҳои дипломатии кишварҳои арабӣ, ки номашон зикр нашудааст, хабар додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷасадҳоро ба яке аз калонтарин сардхонаҳои Макка бурданд, ки 323 нафар аз шумори умумии кушташудагон шаҳрвандони Миср буданд.

Дар ин робита зикр мешавад, ки дамои ҳаво дар Макка дар маросими ҳаҷи имсола аз 50 дараҷа боло рафтааст.

Рӯзи 16 июн хабаргузории Reuters хабар дод, ки 14 зоир аз Урдун дар Арабистони Саудӣ ҳалок ва 17 нафари дигар бедарак шудаанд. Марги зоирин дар бештари маврид дар натиҷаи гармӣ ё таҷаммуи зиёди одамон дар як макон ба амал меояд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 18 июн Пир Ҳусейн Коливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон аз марги дастикам 11 зоир аз Эрон хабар дод.
 
Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳалокшудагоне, ки чанд кишвар гузориш додаанд, ба 577 нафар мерасад. Тавре яке аз мусоҳибон ба Франс Пресс тавзеҳ дод, шумори кушташудагони мисрӣ ба далели теъдоди зиёди зоирини сабтиномнашуда афзоиш ёфтааст.

"Зоирони сабтиномнашуда дар урдугоҳҳои шаҳрвандони Миср бесарусомонии бузурге ба вуҷуд овардаанд, ки боиси халалдор шудани хидматрасонӣ шудааст",- гуфт як масъули ҳукумати Миср, ки умури танзими Ҳаҷро назорат мекунад. Вай афзуд, ки ба ин далел мардум муддати тӯлонӣ бе ғизо, об ва дастгоҳи сардкунандаи ҳаво монданд.

Маросими имсолаи Ҳаҷ аз 14 то 19 июн давом мекунад. Хадамоти обуҳавошиносии Арабистони Саудӣ дар бузургтарин масҷиди ин шаҳр рӯзи 17 июн дамои 52 дараҷаи гармиро сабт кард. Ба гуфтаи вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ, танҳо рӯзи 16 июн 2764 зоир аз гармо осеб диданд.

Бояд гуфт, ки зиёрати ҳамасолаи мусалмонон ба маконҳои муқаддаси Макка ва Мадина аксар вақт бо теъдоди қобили мулоҳизаи ҳодисаҳои марговар ба ҳамроҳ аст.  Соли гузашта дар маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ 240 нафар бар асари гармо ҷони худро аз даст дода, беш аз даҳ ҳазор нафар бо мушкилоти саломатӣ рӯбарӯ шуданд.
 
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳаҷи имсола дар Макка беш аз 1 миллиону 800 ҳазор зоир аз саросари ҷаҳон ҳузур доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед