Ru  | Tj
Ҳалокати наздики 1,7 ҳазор нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳалокати наздики 1,7 ҳазор нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳалокати наздики 1,7 ҳазор нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон давоми солҳои 2020 - 2023 дар умум 4364 садамаи роҳу нақлиёт рух додааст, ки дар натиҷа 1692 нафар ба ҳалокат расида, 4776 тан ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Дар ин бора хабаргузории «Ховар» бо истинод ба раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин манбаъ дар идома мегӯяд, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 232 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 адад бештар буда, дар натиҷаи он 100 нафар (91 нафар) ба ҳалокат расида, 249 (241) тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба гуфти Ғайраталӣ Саидзода, намояндаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, мастӣ, набастани тасмаи бехатарӣ ва сӯҳбат бо телефон ҳангоми ронандагӣ, аз ҷумлаи омилҳои асосии сар задани аксари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дониста мешавад.

Дар ин замина гуфта мешавад, ки сеяки ҳалокшудагон дар садамаҳои нақлиётӣ одамони синни фаъолтарини қобили кор, яъне аз 26-40-сола буда, тақрибан 20 дарсади осебдидагони ин ҳодисаҳо маъюб мешаванд.

Ғайраталӣ Саидзода изҳор дошт, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, нисфи фавтидагон низ дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ маҳз пиёдагардон, мототсиклистон ва дучархасаворон мебошанд.

Аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки тайи солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 1 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон расман беш аз 666 ҳазор нақлиёти сабукрав, боркаш, мусофирбар сабт шудааст. Як сол қабл ин омор ба 601 136 адад баробар буд.

Дар айни замон дар Тоҷикистон 562 ҳазор мошини сабукрав сабт шудааст. Дар ҳоле ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав сабт шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед