Ru  | Tj
АМА карантинро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

АМА карантинро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард
Акс: Sputnik Тоҷикистон

АМА карантинро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард

Нашр шуд

Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода, бӯҳрон ва офатҳои табиӣ ва Департаменти фарҳанг ва туризми Абу-Даби хабар медиҳад, ки барои як қатор давлатҳо шарти фаро гирифтан ба карантини ҳатмӣ бекор карда шуд.

Ба иттилои CentralAsia, шурӯъ аз 5-уми сентябр хориҷиёни ваксиншуда (ваксина бояд дар СУТ сабт шуда бошад) бе фаро гирифтан ба карантини ҳатмӣ метавонанд вуруди Аморати Муттаҳидаи Араб шаванд.

Ҳамчунин, кишварҳои дар рӯихати "сабз" қарордошта метавонанд бе фаро гирифтан ба карантини хонагӣ ба АМА сафар кунанд.

Тоҷикистон ҳамроҳ бо Туркманистон ва Қирғизистон ба қатори давлатҳое, ки дар рӯихати "сабз"-и минтақаҳо дорои сатҳи пасти паҳншавии бемории коронавирус ҳастанд, дохил шудааст.

Баъд аз гузаштан аз санҷиши PCR меҳмонон метавонанд аз ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои сайёҳии АМА боздид кунанд.

Дар маҷмӯъ ба рӯихати "сабз"-и АМА 55 давлат шомил аст.

Вазорат: Карантин намешавад, то охири сол 5,8 миллион нафар ваксина мегиранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед