Ru  | Tj
Ҳама кишварҳои СПАД аз таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳама кишварҳои СПАД аз таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳама кишварҳои СПАД аз таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ карданд

Нашр шуд

Мақомдори Русия гуфт, ки тамоми кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ мекунанд.

Намояндаи доимии Русия дар СПАД, Виктор Василев дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ҳамаи кишварҳои узви ин созмон аз барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон пуштибонӣ мекунанд, аммо ҳамзамон ҷонибдори бунёди “девор” бо Кобул нестанд.

«Тасмим (таҳкими марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон) аз ҷониби тамоми давлатҳои СПАД дастгирӣ ёфт, Арманистон ҳоло ба қабули ин барнома мухолифат намекунад, аммо онро имзо накард, бинобар ин дар ин марҳила дар татбиқи он ширкат намекунад», - гуфт Василев.

Вай афзуд, ки ҳар як кишвари узви СПАД вобаста ба эҳтиёҷот ва имконоти худ тасмим хоҳад гирифт, ки чӣ гуна кумак карда метавонад, яъне бо мутахассисон, таъмини таҷҳизот ва ё давраҳои омӯзишӣ.

"Барнома аз се марҳила иборат буда, барои 5 сол пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи аввал бандҳои барнома бояд мушаххас ва дақиқтар дарҷ шуда, ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими бахшҳои мушаххаси сарҳад пешниҳодоти худро ироа кунад. Аз тарафи дигар, давлатҳое, ки дар иҷрои ин барнома иштирок мекунанд, кумакҳои худро барои таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон мушаххас кунанд. Ин марҳила тақрибан тақрибан як солро дар бар мегирад. Баъд марҳилаҳои дуюм ва сеюм дар давоми панҷ сол пешбинӣ шудааст, ки тадбирҳои мушаххас дар заминаи таҳкими сарҳад қабул карда мешаванд», - гуфт Василев.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки кишварҳои СПАД ҳадафи бунёди як “девор”- ро бо Кобул надоранд.

«Мо набояд ҳадафи бунёди “девор” миёни аъзои СПАД ва Афғонистонро дошта бошем. Гуфтугӯ зарур аст ва ҷониби Русия ҳамроҳ бо дигар шарикон барои ин кор талош мекунанд. Аз ҳамин хотир мо бо ҳукумати кунунии Афғонистон муколамаи фаъол дорем, то аз ташдиди вазъ дар сарҳад пешгирӣ кунем”, - хулоса кард Василев.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 21 июн дар нишасти вазирони хориҷаи СПАД лоиҳаи ниҳоии барномаи байнидавлатии ин созмон барои таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон барои пешниҳод ба нишасти сарони СПАД мувофиқа карда шуд.

Қобили зикр аст, Тоҷикистон танҳо узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аст, ки бо Афғонистон беш аз 1400 км марзи муштарак дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед