Ru  | Tj
Ҳамагӣ 2, 3 ҳазор. Мақомоти Суғд шумори сайёҳони хориҷии аз вилоят боздидкардаро гуфтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамагӣ 2, 3 ҳазор. Мақомоти Суғд шумори сайёҳони хориҷии аз вилоят боздидкардаро гуфтанд
Акс: Sputnik

Ҳамагӣ 2, 3 ҳазор. Мақомоти Суғд шумори сайёҳони хориҷии аз вилоят боздидкардаро гуфтанд

Нашр шуд

Дар соли гузашта ҳудуди 2, 3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд.

Ба иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Суғд, соли гузашта вуруди 2 ҳазору 300 гардишгари хориҷӣ ба ин вилоят сабт шуда, дар маҷмӯъ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ин устон беш аз 138 ҳазор нафар боздид намуданд.

Манбаъ гуфтааст, айни замон дар ҳудуди вилоят 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази дармонбахшӣ, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин соли 2021 дар вилоят ду ширкати нави сайёҳӣ сабтином шуда, ҳамакнун шумори ин гуна ширкатҳо ба 40 адад расидааст.

Бояд гуфт, ки авҷгирии ҳамагирии коронавирус ба бахши гардишгарии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ ворид намуд. Қаблан Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфта буд, ки дар соли 2021 ҳамагӣ 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ вориди кишвар шудааст.

Ҳамчунин тибқи маълумотҳо соли гузашта ниҳодҳои гардишгарии Тоҷикистон баробари 87 миллион сомонӣ фоида дидаанд.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки то соли 2030 даромад аз бахши сайёҳиро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба панҷ фисад бирасонад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед