Ru  | Tj
Ҳамаи чорабиниҳои идона дар рӯзи ҷашни истиқлолият бекор шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамаи чорабиниҳои идона дар рӯзи ҷашни истиқлолият бекор шуданд

Ҳамаи чорабиниҳои идона дар рӯзи ҷашни истиқлолият бекор шуданд

Нашр шуд

Дирӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Зимни он ситод дар бораи манъи гузарондани чорабиниҳои тантанавӣ, фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Сайругашти мардум дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва талаботи фосилаи иҷтимоӣ (1,5 – 2 метр) иҷозат дода мешавад.

Манбаъ: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=41869

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед