Ru  | Tj
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон ва мардуми Покистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон ва мардуми Покистон
Акс: Интернет

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон ва мардуми Покистон

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон омадааст: "Хабари ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар бар асари бархӯрди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи амиқи мо гардид".

"Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба мардуми дӯсти Покистон аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд", - гуфтааст, президенти Тоҷикистон дар идомаи паёмаш.

Эмомалӣ Раҳмон, ба пайвандони фавтидагон сабри ҷамил ва ба захмишудагон шифои комил хостааст.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи бархӯрди садамавии қатораҳо дар музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки рӯзи 7 –уми июн сар зад, беш аз 36 нафар ҷон бохту садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Баёни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед