Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва пайвандони қурбониёни обхезиҳо дар Чин изҳори ҳамдардӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва пайвандони қурбониёни обхезиҳо дар Чин изҳори ҳамдардӣ намуд
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва пайвандони қурбониёни обхезиҳо дар Чин изҳори ҳамдардӣ намуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин номаи таслият ирсол намуд, - хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми июл ба Си Ҷинпин номаи таслият фиристода, дар робита ба боришот ва обхезиҳои шадид дар ин кишвар, ки талафоти ҷонӣ низ дошт, изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид, ки харобиҳои зиёдро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид”, - омадааст дар номаи Президент.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ ва пайвандону наздикони нафарони қурбоншуда бар асари ин офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ намудаву шифои комили ҳамаи осебдидагонро хостааст.

Лозим ба зикр аст, ки дар пайи боришот ва обхезиҳои шадид дар музофоти Хэнани Чин, тибқи охирин иттилои дастрас, 63 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар бедарак гардиданд. Ҳамчунин, 876 гектар замини киштзор зарар дидаву 8876 бино валангор шудааст.

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон ва мардуми Покистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед