Ru  | Tj
АМИТ: Акбаршоҳ Искандаров боздошт шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

АМИТ: Акбаршоҳ Искандаров боздошт шудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

АМИТ: Акбаршоҳ Искандаров боздошт шудааст

Нашр шуд

Акбаршо Искандаров, ки соли 1992 раиси Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон буд, боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки Искандаров онҷо кор мекард, хабар дод.

Боздошти Акбаршоҳ Искандарови 73-соларо мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, Нозим Маҳмадизода рӯзи 1 август дар нишасти хабарӣ тасдиқ кард.

"Парвандаи ҷиноӣ махфӣ аст. Аз ин рӯ, мо маълумоти иловагӣ надорем. Мо кӯшиш мекунем, ки ба раванди тафтишот дахолат накунем", - гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки Акбаршоҳ Искандаров соли 1991 иҷрокунандаи вазифа ва баъдан дар моҳи августи соли 1992 мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки худи ҳамон сол оғоз шуд, Искандаров дар моҳҳои сентябр – ноябр баъди тарки вазифа кардани раисҷумҳур Раҳмон Набиев иҷрокунандаи вазифаи президент буд. Моҳи ноябри соли 1992 Искандаров аз мақоми раиси Шӯрои Олӣ барканор шуд ва ба ҷои ӯ Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд, ки моҳи ноябри соли 1994 раисҷумҳури Тоҷикистон шуд.

Акбаршоҳ Искандаров то замони боздошт мудири шӯъбаи масоили сиёсӣ ва байналмилалии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ буд.

Бояд гуфт, ки моҳи июн хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, аз боздошти раиси собиқи Ҳизби демократ ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода бо иттиҳоми талоши ғасби мусаллаҳонаи қудрат хабар дод.

Баъдан расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки дар доираи ин парвандаи ҷиноӣ Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ боздошт шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед