Ru  | Tj
АМИТ узви “Иттиҳоди Донишгоҳи Абрешим” шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

АМИТ узви “Иттиҳоди Донишгоҳи Абрешим” шуд

АМИТ узви “Иттиҳоди Донишгоҳи Абрешим” шуд

Нашр шуд

Дар Чин созишнома дар бораи воридшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттиҳоди Донишгоҳи Абрешим” ба имзо расид.

Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ аз 1 то 5 ноябр бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, созишнома дар бораи шомилшавии ин академия ба “Иттиҳоди Донишгоҳи Абрешим” ба имзо расид.

Дар рафти маросими имзои ин созишнома таъкид гардид, ки ду тараф метавонанд дар оянда ҳамкориҳои илмиро густариш дода, барои кашф намудани истеъдодҳои барҷаста дар якҷоягӣ талош кунанд. Дар ин бора Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар ин замина зикр мешавад, ки шомил гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттиҳоди Донишгоҳи Абрешим” падидаи нав дар соҳаи илмҳои технологияи инноватсионӣ буда, барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Гуфтанист, Иттиҳоди Роҳи Абрешим созмоне мебошад, ки бо ҳадафи бунёди бистари ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва мусоидат ба рушди минтақавӣ таъсис ёфтааст.

Ин ташкилот моҳи майи соли 2015 бо ҳузури намояндагони 100 донишгоҳи бонуфуз аз 22 кишвари ҷаҳон расман таъсис ёфт.


Ҳоло зиёда аз 200 донишгоҳи бонуфузи 40 кишвари ҷаҳон узви ин созмон буда, дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои худро ба роҳ мондаанд. Дар доираи ин ҳамкориҳо миёни “Иттиҳоди Роҳи Абрешим” ва донишгоҳҳо узви он, ҳамоиши раҳбарон, президентҳо, намоишгоҳҳои таълимӣ, семинарҳои академӣ ва мизҳои мудаввар баргузор мегарданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед