Ru  | Tj
Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба баррасӣ кашида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба баррасӣ кашида шуд
Акс: ASIA-Plus

Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба баррасӣ кашида шуд

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Парлумони Аврупо мулоқот анҷом додааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Парлумони Аврупо дидор намудааст.

Ба таъкиди манбаъ, дар ин дидор ҳайати Парлумони Аврупоро раиси Кумитаи корҳои байналмиллалии ин ниҳод Дэвид Макаллистер роҳбарӣ намудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои мутақобилаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот миёни намояндагон перомуни мавзӯи вазъ дар минтақа мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2019 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо Фулвио Мартушиелло  таъкид дошта буд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкориҳоро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар самтҳо густариш диҳад.


Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки зарурати тақвияти ҳамкории СММ ва СААД ба миён омадааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед