Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба баррасӣ кашида шуд
Нашр шуд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Парлумони Аврупо мулоқот анҷом додааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Парлумони Аврупо дидор намудааст.
Ба таъкиди манбаъ, дар ин дидор ҳайати Парлумони Аврупоро раиси Кумитаи корҳои байналмиллалии ин ниҳод Дэвид Макаллистер роҳбарӣ намудааст.
Гуфта мешавад, зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои мутақобилаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот миёни намояндагон перомуни мавзӯи вазъ дар минтақа мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2019 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо Фулвио Мартушиелло таъкид дошта буд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкориҳоро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар самтҳо густариш диҳад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед