Ru  | Tj
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ бароварда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ бароварда мешавад
Акс: ПА ОДКБ

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ бароварда мешавад

Нашр шуд

Раиси кумитаи байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот анҷом дод.

Тавре Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иттилоъ медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҳолати феълӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон саҳми Чинро дар рушду тараққиёт, татбиқи лоиҳаҳо бо сармояи чинӣ, боло бурдани ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии Тоҷикистон ва дигар бахшҳои барои ҳарду кишвар манфиатовар назаррас арзёбӣ намудааст.

Ҳамчунин, дар рафти музокирот миёни ҷонибҳо перомуни масъалаи бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин мувофиқа ҳосил шудааст.

Зимнан, дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, минтақавию байналмилалии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки 18-уми октябри соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешниҳоди кӯмаки бебозгашт баррасӣ гардида буд.

Он замон таъкид гардида буд, ки лоиҳаи кӯмаки бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои грантии Чин маблағгузорӣ карда мешавад, ки ҳаҷми он баробар ба 800 000 000 юани хитоӣ аст.


Президент: Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед