Ru  | Tj
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф тақвият меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф тақвият меёбанд
Акс: Sputnik

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф тақвият меёбанд

Нашр шуд

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ба баррасӣ кашида шуд.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 23-юми феврали соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар зимни баргузории ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавзӯи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба баррасӣ кашида шудааст.

Таъкид гардидааст, ки дар ҷараёни ҷаласа Завқизода Завқӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва Керимов Инам, Вазири кишоварзии Озарбойҷон перомуни густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, бонкӣ, меҳнат ва муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист ва варзиш табодули андеша намудаанд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа Завқизода ва Инам ба мувофиқа расидаанд, ки Тоҷикистону Озарбойҷон корхонаи муштараки саноатиро таъсис диҳанд ва дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо бо ҷалби сармоягузорони озарбойҷонӣ маҳсулоти нафтӣ ворид гардад 

Ёдрас мешавем, ки муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон қаблан, 10-уми ноябри соли 2021, низ зимни мулоқоти  Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҳамтои озарбойҷонии ӯ Ҷейҳун Байрамов муҳокима гардида буд.

 Вазирони ду кишвар дар ҳошияи иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, мулоқот анҷом дода буданд.


Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи бузурги нақлиётӣ ба арзиши 828,4 миллион доллар дар ҳоли татбиқ аст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед