Ru  | Tj
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои муҳити зист густариш меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои муҳити зист густариш меёбанд
Акс: Mfa.tj

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои муҳити зист густариш меёбанд

Нашр шуд

Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар вохӯрӣ анҷом дод.

Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода рӯзи 29-уми ноябр бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар Шайх Фолеҳ бин Носир Оли Сонӣ мулоқот анҷом дод.

Таъкид мегардад, ки дар ҷараёни дидор ҷонибҳо масоили такмил додани ҳамкории ду кишварро дар бахшҳои муҳити зист ва ивазшавии иқлим баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки байни Сафири Тоҷикистон ва Вазири муҳити зисти Қатар дар мавриди татбиқи стратегияҳои миллии ду кишвар табодули маълумот сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, ҳангоми мулоқот намояндагони ду кишвар ташаббусҳои минтақавӣ ва байналхалқии Тоҷикистону Қатарро, ки дар амал ба татбиқ шудани Ҳадафҳои рушди устувор - 2030 мусоидат мекунанд, ҷонибдорӣ карданд.

Ба иловаи манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни Рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, инчунин моҳияти барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мубодилаи афкор намуданд.


Ҷопон омода аст, ба бахши сайёҳии Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода кунад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед