Ru  | Tj
Ҳамкории Кумитаи сайёҳӣ бо “Abraham Business Circle” тақвият меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории Кумитаи сайёҳӣ бо “Abraham Business Circle” тақвият меёбад
Акс: Интернет

Ҳамкории Кумитаи сайёҳӣ бо “Abraham Business Circle” тақвият меёбад

Нашр шуд

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар шаҳри Дубай бо муассис ва раиси “Abraham Business Circle” (Шӯрои сармоягузорони Абраҳам)  Рафаэл Нагел мулоқот намудааст.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, вохӯрии намояндаи Кумитаи сайёҳӣ бо муассиси Шӯрои сармоягузорони Абраҳам дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии "ЭКСПО-2020", ки дар АМА ҷараён дорад, сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаи ҷалби сармояи Шӯрои “Abraham Business Circle” (АВС) ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон барои тақвият додани кор дар бахши мазкур ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад. 

Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки бо мусоидати АВС дар заминаи платформаи омӯзишии виртуалии PhD Studies, ки бо донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Аврупо ҳамкорӣ дорад, мутахасисони соҳаи меҳмондорӣ ва сайёҳӣ омода карда мешаванд.

Зикр гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат лоиҳаи озмоишӣ ҷиҳати омода намудани мутахаасисони соҳаи сайёҳӣ фаъол хоҳад шуд.


Тоҷикистон бо АМА ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират ба роҳ мемонад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед