Ru  | Tj
Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи бонкдорӣ ба баррасӣ кашида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи бонкдорӣ ба баррасӣ кашида шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи бонкдорӣ ба баррасӣ кашида шуд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Ноиби Президенти бонки Ziraat Bank-и Туркия мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти Ашрафҷон Гулов, Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Юксел Ҷесур, Ноиби Президенти бонки Ziraat Bank-и Туркия рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи иқтисодиёт ва таконҳои ҷиддии бозори молиявии ҷаҳониро муҳокима намуда, атрофи поён бурдани шиддати таъсири манфии он ба низоми бонкии давлатҳо табодули афкор намудаанд.

Ҳамчунин, дар мулоқоти намояндагони ин ду кишвар масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи бонкдорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Зимнан, Гулов ва Ҷесур ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳаи бонкдории Тоҷикистон ва Туркия чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ кунанд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи феврали соли 2022 Ашрафҷон Гулов, Сафири Тоҷикистон дар Туркия ҳангоми мулоқот бо Ҳасан Басрӣ, роҳбари Идораи рушд ва дастгирии соҳибкорони хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) масъалаи таъсиси бунёди муштараки сармоягузориро баррасӣ карда буд.


Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши амният дар Душанбе баррасӣ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед