Ru  | Tj
Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи саноат тақвият меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи саноат тақвият меёбад
Акс: Mfa.tj

Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи саноат тақвият меёбад

Нашр шуд

26-уми январи 2022 Сафири  Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Донмез дидор намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ вазъи феълӣ ва иқдомоти минбаъда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ба баррасӣ кашида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар рафти сӯҳбат Гулов ва Донмез таъкид доштаанд, ки Тоҷикистон ва Туркияро зарур аст, ҷиҳати баррасӣ намудани масоили соҳаи саноат, алалхусус саноати сабук, вохӯриҳои маҷозиро баргузор намоянд.

Ҳамчунин, дар мулоқот пешниҳод шудааст, ки коршиносони вазорату идораҳо ва ҳайатҳои тиҷоратии ду кишвар барои омӯзиши имконииятҳои сармоягузорӣ ва дарёфти шарики тиҷоратӣ сафарбар карда шаванд.

Зимнан, дар масъалаи пурзӯр намудани корбарӣ дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ миёни ҷониби тоҷику турк мувофиқа ҳосил шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Туркия дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ҳудуди 354 миллион долларро ташкил дода буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 21,1% зиёд мебошад.


Тоҷикистону Туркия мехоҳанд ҳамкории таҳсилиро густариш диҳанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед