Ru  | Tj
Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши амният дар Душанбе баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши амният дар Душанбе баррасӣ шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши амният дар Душанбе баррасӣ шуд

Нашр шуд

Дар дидори муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюн масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар бахши амният баррасӣ шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Фарҳод Салим 8-уми август бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюн мулоқот кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Тарафҳо инчунин ба вазъи амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Вэй Фэнх, Вазири мудофиаи Чин ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳимми муносибатҳои Душанбеву Пекин унвон карда буд.

Чин яке аз се шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар аз соли 2013 бо Тоҷикистон шарики стратегӣ эълом шуда, ҳамкории Душанбеву Пекин ҳамасола ба таври чашмрас рушд меёбанд.

Ҳамкории “Роспотребнадзор” бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед