Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи сейсмология
Нашр шуд
Институти геология, сохтмон ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмологияи ба номи Ғани Мавлянови Академияи илмҳои Ӯзбекистон минбаъд ҳамкори хоҳанд кард.
Муассисаҳои илмии тарафайн, санади ҳамкориро имзо намуда, нақша доранд, ки
чорабиниҳои муштаракеро анҷом диҳанд, ки ба таҳқиқи сабабҳои заминҷунбӣ ва арзёбии хавфҳои сейсмикӣ нигаронида шудааст.
Онҳо минтақаҳои платформаи фишори Осиёи Марказиро дар якҷоягӣ омухтанро оғоз мекунанд.
Созишнома табодули иттилоотро дар соҳаҳои рушди методӣ ва пешгӯии заминларза пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон олимон бо ҳамдигар маълумоти геологӣ, геофизикӣ ва сейсмологиро мубодила намуда, конфронсҳо ва симпозиумҳои муштарак баргузор хоҳанд кард .
Мавзӯи асосии чунин чорабиниҳо баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва геодинамика хоҳад буд. Олимон ният доранд, ки дар марказҳои заминҷунбии шадид таҳқиқоти макросейсмикӣ ва сейсмотектоникиро анҷом диҳанд. Онҳо тасмим доранд каталоги ларзишҳои қишри заминро тартиб диҳанд.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои охир дар минтақ як чанд маротиба заминларза ба вуқӯъ омад ва яке аз охиринаш бо шиддати 5 балл дар минтақаи Рашт шоми 10 ноябр сабт шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед