Ru  | Tj
Ҳамлаҳои хунини террористӣ дар Доғистон: тафсилот

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамлаҳои хунини террористӣ дар Доғистон: тафсилот
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳамлаҳои хунини террористӣ дар Доғистон: тафсилот

Нашр шуд

Дар пайи ҳамлаҳо рӯзи 23 июн дар Махачқалъа ва Дербенти Доғистон дастикам 17 нафар кушта шуданд.

Рӯзи якшанбе 23 июн бар асари ҳамла ба калисои православӣ, каниса ва посгоҳи пулиси роҳ дар шаҳрҳои Дербент ва Махачқалъаи Доғистон дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 корманди пулис кушта шуданд.

Дар ҳудуди ҷумҳурии Доғистон амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шуда, даргирии нерӯҳои амниятӣ бо террористон дар ин ду шаҳр то ними шаб идома кард.

Тақрибан соати 23:00-и рӯзи 23 июн Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия хабар дод, ки марҳилаи фаъоли амалиёти вижа дар Дербент ба анҷом расид. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятӣ панҷ нафар ҳамлагар кушта шуд.

«Дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Дербент ду муҳоҷим ва дар Махачқалъа се ҳамлагари дигар безарар гардонида шуданд», - гуфта мешавад дар хабар.

Ба гуфтаи Сергей Меликов, раҳбари ҷумҳурии Доғистони Русия, аксари кушташудагон ва захмиён кормандони пулис ҳастанд. Тибқи иттилои ахир, 15 корманди пулис ва дастикам ду ғайринизомӣ кушта шуда, 16 нафари дигарро ба беморхона бурданд.

"Зиёда аз 15 корманди пулис қурбонии ҳамлаи террористии имрӯз шуданд, ки сулҳу оромии Доғистонро бо силоҳ ҳимоят карданд", - гуфт Меликов дар видеое, ки дар Telegram нашр шуд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ дар Махачқалъа ва Дербент дар ҷумҳурии Доғистон рӯзҳои 24, 25 ва 26 июн мотам эълон шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед